Хатсайри 3 парвоз барои бозгашти шаҳрвандон аз хориҷа тағйир ёфт


Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон барои баргардондани шаҳрвандон аз кишварҳои хориҷӣ аз 2 августо то 16 август чандин парвозро анҷом медиҳад.
Бино ба хабари маркази матбуотии вазорати ҳамлу нақли Ӯзбекистон, хатсайри сето аз ин парвозҳо тағйир ёфт.
Бояд рӯзҳои 7,8 ва 9 август шаҳрвандони Ӯзбекистон аз шаҳрҳои Ростов-Дон, Санкт-Петербург ва Маскав ба Намангон парвоз мекарданд. Аммо акнун, ҳавопаймо онҳоро на ба Намангон, балки ба Тошканд меоварад.
Ҳамчунин, бо қарори комиссияи махсус шаҳрвандони Ӯзбекистон аз вилоятҳои Оренбург ва Самараи Русия бо қатораҳо ба ватан бармегарданд. 2 қатора рӯзи 9 август ӯзбекистониёнро ба шаҳрҳои Намангон ва Самарқанд меоварад.
Рӯзи 13 август ӯзбекистониёне, ки дар Ростов-Дон ҳастанд, низ метавонанд бо қатора ба Тошканд баргарданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ