Пандемия: Дар як шабонарӯз беш аз 58 ҳазор бемори нав дар ИМА


Рӯзи 8 август дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико 58 ҳазору 173 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, ки омори (статистика) расмии пандемияро дар ИМА ҳисоб мекунад, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 4 миллиону 942 ҳазору 746 нафар расид. То ба имрӯз беш аз 161 ҳазор нафар дар ИМА қурбони вирус шуданд.
ИМА ҳанӯз яке аз кишварҳоест, ки коронавирус ба сурати густурда паҳн мешавад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ