Кай гузаронида шудани имтиҳони бахши магистратура ва имтиҳонҳои эҷодӣ маълум гардид


Имтиҳони дохилшавӣ ба магистратура дар муассисаҳои таълими олӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ моҳи сентябр оғоз меёбад. Дар ин бора, вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус Иномҷон Маҷидов дар ҷамъомади матбуотӣ хабар дод.
«Баробари санҷишҳои тестӣ имтиҳонҳони бахши магистратураву имтиҳонҳои эҷодӣ ва литсейҳо дар як вақт баргузор мешаванд», — гуфт вазир.

Инчунин, қайд гардид, ки дар таъмини литсейҳо бо китобҳои дарсӣ мушкилот вуҷуд дорад. Таъмини китобҳои дарсӣ ба зиммаи Вазорати таълими халқ вогузошта мешавад. Аммо, литсейҳо ба Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус тааллуқ доранд.

«Агар мушкилот дар чоп ва расонидани китобҳои дарсӣ ба миён оянд, ин масъала ҳал хоҳад шуд. Дар назар дошта шудааст, ки барои литсейҳо ҷорӣ кардани китобҳои дарсии ҷудогона пешбинӣ шудааст. Китобҳои дарсии махсус нашр мешаванд ”, — гуфт Маҷидов.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ 2-уми сентябр оғоз карда мешаванд. Имтиҳонҳо дар варзишгоҳҳо баргузор мегардад. Вале барои ин бояд маҳдудиятҳои карантиниро дар кишвар сабук ва ё бекор карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ