Абдулазиз Комилов дар мулоқоти “Осиёи Марказӣ+Япония” иштирок мекунадАбдулазиз Комилов дар мулоқоти “Осиёи Марказӣ+Япония” иштирок мекунад


Фардо, 11 август гуфтугӯи вазирони корҳои хоиҷии кишварҳои мулоқоти “Осиёи Марказӣ+Япония” дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад. Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ дар мулоқот иштирок мекунад.
Дар мулоқот вазъияти эпидемиологӣ, муборизаи муштарак бо коронавирус ва пайомадҳои он баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар шароити пандемия низ баррасӣ мешавад.
Дар мулоқот Тошимитсу Мотеги, вазири корҳои хориҷии Япония, Чингиз Айдарбеков (Қирғизистон), Мухтор Тлеуберди (Қазоқистон), Сироҷиддин Муҳриддин (Тоҷикистон) ва Рашид Мередов (Туркманистон) иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ:kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ