Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Ӯзбекистон 500 дона консентратори оксигенӣ тақдим кард


Ӯзбекистон аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 500 дона консентратори оксигениро ҳамчун ёрии инсондӯстона гирифт. Дар ин бора маркази матбуотии идораи минтақаи Аврупои СҶТ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки арзиши ёрии инсондӯстона тақрибан 300 ҳазор доллар аст. Баъди як ҳафта ин созмон ба Ӯзбекистон як бори дигар ёрии инсондӯстона мефиристад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар моҳи июл ба Ӯзбекистон ба арзиши 4 миллион доллар 84 тонна ёрии инсондӯстона дода буд. Ёрии инсондӯстона иборат аз ниқобҳои ҷарроҳӣ, экранҳои ҳимоякунанда ва ғайра буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ