Созмони милали муттаҳид ба Ливан 50 ҳазор тонна орди гандум медиҳад


Ливан аз Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони милали муттаҳид 50 ҳазор тонна орди гандум дарёфт мекунад. Дар ин бора идораи ҳамоҳангсозии (координатсия) масъалаҳои инсондӯстии созмон хабар дод.
Ёрии инсондӯстона ба Бейрут фиристода мешавад. Баъди таркиши рӯзи 4 август анбори гандуми шаҳр хеле зарар дида буд. Созмони милали муттаҳид умед дорад, ки бо ин ёрӣ пеши норасоии хӯрокворӣ гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Дэвид Бизли, мудири Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони милали муттаҳид гуфта буд, ки агар бандаргоҳи Бейрут дар 2 ҳафта дубора ба кор андохта навашад, эҳтимоли норасоии нон ба миён меояд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ