Хитоби Си Сзинпин ба мардуми Чин: Хӯрокро исроф накунед


Си Сзинпин, раҳбари Чин ба шаҳрвандони кишвар хитоб кард, ки ба исрофи маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ надиҳанд ва сарфаҷӯӣ кунанд.
Бино ба хабари «Синхуа», пешвои Чин аз одатҳои мардуми худ дар хӯрокхӯрӣ “ба даҳшат афтодаааст” ва “таассуф кардааст”.
Ба назари Сзинпин, пандемияи коронавирус нишон дод, ки муаммоҳои амнияти ғизоӣ ҳанӯз ҳал нашудааст.
Ӯ гуфтааст, “Барои аз байн бурдани исрофи маводди ғизоӣ, бояд қонун ва назоратро мустаҳкам кард ва чораҳои самарбахшу механизмҳои дарозмуддатро истифода буд”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ