Ба парвозҳои маҳаллӣ ва ҳаракати қатораҳо иҷозат медиҳанд


Имрӯз, 12 август таҳти раҳбарии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев бобати масъалаҳои коронавирус ҷаласа баргузор шуд.
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки ҳамзамон бо таҳкими мубориза барои саломативу зиндагии шаҳрвандон, дубора ба роҳ андохтани заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сабуксозии тадриҷии талабҳои карантин зарур аст, чунки аҳолӣ ҳаминро мехоҳад.
Ӯ афзуд, “Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бояд аз 15 август ба парвозҳои маҳаллӣ ва ҳаракати қатораҳо иҷозат дод”.
Ҳамчунин, раисҷумҳур зарурии ба роҳ андохтани фаъолияти осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, толорҳои зебоиву сартарошхонаҳоро низ таъкид кард.
Манбаъ:qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ