Ҷадвали санҷишҳои онлайнӣ оиди гузаронидани хониш эълон гардид


Рӯзҳои 5-6-уми сентябр дар 18 муассисаи таълими олии Ӯзбекистон оиди гузаронидан ва барқарорсозии таълим санҷишҳои тестӣ ба тарзи онлайн гузаронида мешаванд.
Шаҳрвандон дар суроғаи истиқоматии доимии худ, ки бақайд гирифта шудаанд, ба тарзи онлайн аз санҷишҳои тестӣ мегузаранд. Дар ин бора, вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус хабар додааст.

Зикр гардид, ки шаҳрвандон метавонанд дар санҷиш танҳо дар ҷои муқарраршуда ширкат варзанд.
Имтиҳондиҳандагон вазифадоранд, ки барои иштирок дар санҷишҳои онлайн сари вақт ба ҷойҳои таъиншуда ҳозир шаванд.

Холҳо барои ҷавобҳои дуруст чунин тақсим карда мешаванд:
Ба фанҳои блоки 1

  • 3,2 хол барои ҳар як ҷавоби дуруст;
    Барои фанҳои блоки 2 — 3,1 хол барои ҳар як ҷавоби дуруст.
    Барои супоридани тест 3 соат вақт дода мешавад. Ба довталабон аз 2 фан, ки ба самтҳои дахлдори таҳсил марбутанд, 30 савол, ҳамагӣ 60 савол дода мешавад.

Аз рӯи натиҷаи имтиҳон, қарор дар бораи гузаронидани шаҳрвандон аз донишгоҳҳои хориҷӣ ва нодавлатӣ ба донишгоҳҳои ҷумҳурият аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ