Духтари 21-солаи Рамзан Қодиров муовини вазир таъин шуд


Айшат Қодирова, духтари калонии раисҷумҳури Чеченистон муовини вазири фарҳанги кишвар таъин шуд. Дар ин бора Рамзан Қодиров дар Telegram хабар дод.
Айшат Қодирова то ин замон раҳбари толори мода – “Firdaws” буд.
Рамзан Қодиров гуфт, “Бо вуҷуди ҷавонӣ, ӯ ба хусус дар заминаи маданият салоҳияти роҳбарӣ дар лоиҳаҳои бузургу мураккабро дорад… Айшат дар рушди филармонияи Чеченистон саҳми арзанда дорад. Ҳамчунин, ӯ соли равон бо медали “Барои хидмат ба Чеченистон” сарафроз шуд”.
Либосҳои тарроҳи ҷавон дар шаҳрҳои Париж, Маскав ва Грозний ба намоиш гузошта шудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ