Дар Ӯзбекистон ба никоҳшавандагон ба дуфамилимиягӣ иҷозат дода мешавад

Баъд аз он, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ ба тасарруфи Агентии хизматҳои давлатӣ гузаштани Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соҳа дигаргуншавӣ дар назар буд. Дирӯз аз ҷониби ҳукумат оиди корҳои беҳсозии соҳаи САҲШ қарор тасдиқ гардид. Дар ин бора хизмати матбуоти АХД хабар дод. Бо қарор соддатаркунонии як қатор ҳуҷҷатҳо ба амал меояд. Масалан, ҳолатҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, қайди никоҳ ё таваллудшавӣ акнун бо тақдим намудани гувоҳномаҳои гербдор не, балки имкони дар асоси маълумотномаи архиви САҲШ ҳам амалӣ гардонда мешавад. Ин бошад, ба сарфакунии вақти шаҳрвандон хизмат мекунад. Барои гирифтани пулҳои нафақаи якмаротибагии дар таваллудшавии кӯдак ва маросими дафн додашаванда акнун ба шаҳрвандон даст ба даст дода нашуда, бо воситаи сохтори электронии хазинаи пенсия мустақиман фиристода мешавад. Инчунин, ба никоҳшавандагон ба дуфамилиягӣ иҷозат дода мешавад. Масалан, домод Аҳмедов, арӯс Шӯҳратова бошад, дар ин домод Аҳмедов-Шӯҳратов, арӯс бошад, Аҳмедова-Шӯҳратова шуданаш мумкин. Дуруст ва актуалии маълумотҳои ба сохтори ахбор -«Архиви ягонаи электронии САҲШ» воридшаванда ба таври доимӣ санҷида мешавад. Барои ин ходимони мақомоти САҲШ бо воситаи қиёскунӣ маълумотҳои бо сохтори электронӣ воридшавандаро назорат мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ