“Шикор”-и навбатии коронавирус дар миёни машҳурон: Дуэйн Ҷонсон ва Берлускони


Дуэйн Ҷонсон, ҳунарпеша ва гуштигири машҳури амрикоӣ, ки бо лақаби “Scala” (Санг) низ шинохта шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мубталои коронавирус шудани худ хабар дод.
Дуэйн Ҷонсон чунин навишт, “Ману ҳамсаам Лорен ва ду духтари ман мубталои коронавирус шудем. Метавонам бигӯям, ки ин аз душвортарин чизҳое буд, ки мо онро якҷоя паси сар кардем”. Ба гуфтаи Ҷонсон, ҳоло ӯ ва тамоми аҳли хонаводааш сиҳату саломатанд.
Ҳамчунин, сарвазири собиқи Италия – Силвио Берлусконии 83-сола низ мубталои коронавирус шуд. Вирус ба ӯ дар сафари Сардиния сироят кард. Шифокори шахсии сиёсатмадори машҳур гуфт, ки бемории Берлускони бе нишона мегузарад. Ҳоло Берлускони дар хонаи худ дар Милан муолиҷаро идома медиҳад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ