Седонаи сиёҳ: фоида ва зарари он

  • Иммунитетро мустаҳкам мекунад.
  • Вирус, бактерия ва замбуруғҳоро нест мекунад.
  • Аз стресс халос карда, ҷараёни фикркуниро хуб месозад.
  • Дардро бозмедорад.
  • Ҷигарро ҳимоя мекунад.
  • Паразитҳои рӯдаро дафъ мекунад.
  • Кислотаи меъдаро паст мекунад ва ҳозимаро беҳтар месозад.
  • Фишори хунро паст намояд.
  • Афзоиши ҳуҷайраҳои саратонро суст мекунад ва пайдо шудани онро пешгирӣ мекунад.
  • Нахҳои мӯйро барқарор мекунад.
  • Шири модарро зиёд мекунад.
  • Аз организм токсинҳоро хориҷ мекунад.
  • Дар бемориҳои аллергия фойданок аст.
  • Бемориҳои пӯстро табобат мекунад.
  • Системаи гормоналиро барқарор месозад.

Истифодабарӣ:
Барои паст кардани фишори хун
Тухми седонаро то хока шудан майда карда, хокаи ҳосилшударо дар як стакон оби ҷӯш омехта, аз нонушта пеш менӯшанд.

Барои дарди дандон
Хокаи седонаро бо равғани зайтун то ташкил шудани массаи хамирмонанд омезед ва ба дандон молед.

Дар бехобӣ
Дар як стакон шири илиқ як қошуки чой асал ва ҳамин миқдор тухми седона ҳамроҳ карда, бегоҳирӯзӣ пеш аз таом менӯшанд.

Дар бемориҳои пӯст
Равғани седона ҳар рӯз дар ҷойҳои шикаста молида мешавад.

Дар шамолхӯрӣ
Тухми седонаро майда карда, дар зарф бо об ҷӯшонед ва сарро бо сачоқ пӯшида дар буғаш даҳ дақиқа нафас гиред.

Огоҳӣ!
Иҷрои ин амал барои занони ҳомиладор манъ аст, зеро он боиси кашишхӯрии бачадон мегардад. Инчунин, барои бемороне, ки трансплантатсияро гузаронидаанд, номумкин аст.
Сабаб он аст, ки седона иммунитетро баланд мебардорад ва дар натиҷа аъзоҳое, ки ба таври ҷарроҳӣ гузошта шудаанд, осеб мебинанд.
Истеъмоли аз ҳад зиёд метавонад ба рӯдаҳо ва меъда таъсири манфӣ расонад.
Ҳама седона ҳам ҳақиқиқӣ нест. Навъҳои заҳрноки он низ мерӯянд. Барои иҷрои ин тавсияҳо аввал бо шифокор маслиҳат кунед.
Таҳия ва тарҷимаи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ