Тӯҳфаи тобистон ба амрикоиҳо: Барф


Дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико баъди тобистони гарми 40-дараҷаӣ барфи шадид борид. Дар ин бора МИР 24 хабар дод.
Дар иёлатҳои Колорадо ва Вайоминг кӯчаҳо барфпӯш шуданд. Ҳаво дар ин минтақаҳо беш аз ҳадди меъёрӣ сардтар шуд. Ба гуфтаи ҳавошиносон, шабакаи ҳавои сард аз Канада ба ИМА ворид шудааст. Ба зудӣ дар чанд иёлати дигар низ барф меборад.
Ҳамчунин, дар ҷумҳури мухтори Доғистони Русия низ барф борид. Албатта, барф дар минтақаҳои баландкӯҳии Доғистон боридааст, вале бориши барф дар моҳи август барои доғистониҳо “сюрприз”-и ҳақиқӣ аст.
Ҳоло ҳавои Маскав низ сард шудааст. ҳарорати ҳаво дар Маскав рӯзона аз 14 дараҷа болотар намешавад ва шабҳо то -10-12 дараҷа сард мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ