Созмони милали муттаҳид: Дар ҷаҳон ба 176 миллион нафар бенавоӣ таҳдид мекунад


Оливе де Шуттер, намояндаи Созмони милали муттаҳид гуфт, ки дар ҷаҳон 176 миллион нафар эҳтимоли дучор шудан ба бенавоиро доранд.
Ба гуфтаи де Шуттер, аксарияти кишварҳо дар даври пандемия барои пуштибонии шаҳрвандонашон чораҳои кӯтоҳмуддатро амалӣ карданд, вале, ин чораҳо ҳанӯз кофӣ нестанд.
Де Шуттер кишварҳоро ба чорабиниҳои қатъӣ барои барҳам додани бенавоӣ ва нобаробариҳо даъват кард. Ба назари намояндаи созмон, роҳи буҳронро гирифтан беимкон аст ва пайомадҳои буҳрон ба инсоният таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Ӯ таъкид кард, ки дар саросари ҷаҳон аксари хонаводаҳо захираи худро тамом карданд ва ба ҳоли душвор афтодаанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ