Рӯзномаи Fria Tider: Дар Стокҳолм мехоҳанд дар назди омма “Қуръон”-ро бисӯзонанд


Рӯзи 10 сентябр як тарафдори ҳизби радикали “Мавқеъи сахтгирона”-и Дания дар яке аз ноҳияҳои Стокҳолми Шветсия китоби муқаддаси ислом – “Қуръон”-ро дар назди одамон сӯзонд. Рӯзи 28 август дар дигар шаҳри ин кишвар – Малмё чунин амалро такрор карданд, ки дар натиҷа бетартибиҳову хушунат оғоз шуд. Вале радикалони даниягӣ намехоҳанд бо ин кифоя кунанд ва ҳоло ба “тадбирҳо”-и нав омодагӣ мебинанд. Дар ин бора рӯзномаи Fria Tider рӯзи 10 сентябр хабар дод.
Пулиси Стокҳолм ба Расмус Палудан, пешвои ҳизби радикали “Мавқеъи сахтгирона”-и Дания барои баргузории “Қуръон”-сӯзӣ дар шаҳр рухсат надод. Ду ҳафта пеш чунин амал дар Малмё боиси бетартибиҳо шуда буд. Сиёсатмадори Дания мехост якбора дар 9 ноҳияи Стокҳолм китоби муқаддаси мусалмононро оташ занад.
Пулиси Стокҳолм ҳама дархостҳои Палуданро ба далели ҳассосии масъала рад кард. Намояндагони пулис гуфтанд, ки барномаҳои Палудан хеле машҳуранд ва эҳтимол дорад, ки дар ҷойи ҳодиса метавонанд шахсони норизо ҷамъ шаванд ва дар натиҷа бетартибиҳо оғоз гардад.
Бо вуҷуди инкори расмӣ, дар сафҳаи ҳизби Палудан дар Фейсбук хабаре нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки ҳизб аздусар мехоҳад, ки бо дасти тарафдоронаш нияти худро амалӣ кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ