Баъди Аморати муттаҳидаи Баҳрайн низ бо Исроил “оштӣ” мекунад


Ҳукуматҳои Баҳрайн ва Исроил дар бораи роҳандозии робитаҳои дипломатикӣ тавофуқ карданд. Бенямин Нетанёҳу, сарвазири Исроил ин ҳодисаро оғози “замони нави ҷаҳон” гуфт. Дар як моҳ ин бори дувум аст, ки кишвари арабӣ бо давлати яҳудиҳо робитаҳои расмиро ба роҳ андохт. Чанде пеш хабари “оштӣ” шудани Аморати муттаҳидаи араб бо Исроил эълон шуда буд.
Дар ҳар ду маврид Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар миёни кишварҳо миёнаравӣ карданд. Маросими имзо кардани тавофуқномаҳо дар Вашингтон баргузор шуд.
Қаблан фақат Миср ва Иордани бо Исроил робитаҳои дипломатикӣ доштанд.
Фаластин ва Эрон ин иқдоми Баҳрайн ва Абу-Дабиро хиёнат номиданд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ