Шумори қурбониёни сӯхтори ҷангалзорон дар ИМА ба 28 нафар расид


Дар натиҷаи сӯхторҳои ҷангалзорони соҳилҳои ғарбии Иёлоти муттаҳидаи Амрико то ҳол 28 нафар қурбон шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар дод..
Бештари қурбониён – 19 нафар сокинони иёлати Калифорния мебошанд. Ҷасадҳои аксарияти қурбониён дар чанд рӯзи охир пайдо шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар соҳилҳои ғарбии ИМА беш аз 100 сарчашмаи бузурги сӯхтор сабт шудааст. Бино ба додаҳои расмӣ, майдони умумии сӯхтор ба 1,9 миллион ҳектор расидааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯз 14 сентябр ба Калифорния сафар мекунад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ