Барои гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон боз як талаб гузошта шуд

Аз 15-уми сентябри соли ҷорӣ сар карда, қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» ба иҷро медарояд. Қонун 13-уми марти соли ҷорӣ имзо гардида буд. Бино ба қонун навъҳои зерини қабул ба шаҳрвандии Ӯзбекистон мавҷуд: -тартиби умумӣ; — тартиби содакунонидашуда; — тартиби алоҳида. Дар қонун фаҳмиши «ватандош» (ҳамватан) дароварда шуда, бино ба он нисбати ҳамватани шаҳрвандии давлати хориҷа дошта ё ин ки шахси шаҳрвандӣ надошта ҳисобшуда тартиби содакунонидашудаи қабул ба шаҳрвандии Ӯзбекистон ҷорӣ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ