Сарвазири нави Япония таъин шуд


Порлумони Япония Ёсихидэ Суга – раиси ҳизби ҳокими либералӣ-демократиро сарвазири кишвар таъин кард. Аксарияти намояндагони ҳар ду маҷлиси порлумони миллии Япония барои ӯ овоз доданд. Бар асоси низоми ҳизбӣ, ӯ то поёни моҳи сентябри соли 2021, ки муҳлати сарвазири истеъфодода – Синдзо Абэ ба охир мерасад, сарвазири Япония хоҳад буд. Баъди ба поён расидани ин муддат интихоботи нави роҳбари ҳизб ва сарвазири кишвар ба муҳлати сесола баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки ӯ сиёсати Синдзо Абэро, аз ҷумла, содасозии сиёсати пулу кредит ва ислоҳоти сохториро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Синдзо Абэ рӯзи 28 сентябр ба далели вазъияти саломатиаш истеъфои худро эълон карда буд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ