Муродҷон Аҳмадалиев ба ринг бармегардад

Соҳиби миёнбанди чемпионати ҷаҳонии WBA ва IBF дар тоифаи вазни 55 килограммии бокси касбӣ, ҳамдиёрамон Муродҷон Аҳмадалиев ҷанги навбатии худро моҳи ноябр мегузаронад. Сомонаи «Boxingscene» хабар дод, аз ҷониби ширкати «Matchroom» дар нимаи дуюми моҳи ноябр шаби бокси касбӣ гузаронида мешавад. М.Аҳмадалиев дар равияи IBF камарро аз даъвогар, чемпиони муваққатии ҷаҳонӣ, муштзани япониягӣ Рёсуко Иваси ҳимоя мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ