Муаллимони Италия баъди 10 рӯзи оғози соли таҳсил корпартоӣ мекунанд


Омӯзгорони мактабҳои Италия рӯзҳои 24-25 сентябр корпартоӣ мекунанд.
Ба назари омӯзгорони Италия, чораҳои бехатарии санитарӣ дар мактабҳо дар даври эпидемия дар сатҳи кофӣ нест. Илова бар ин, омӯзгорон шикоят мекунанд, ки ҳукумат ҳамеша ба соҳати таълим кам пул ҷудо мекунад.
Дар аксарияти минтақаҳои Италия рӯзи 14 сентябр соли таҳсил оғоз шуд. Барои пешгирии паҳн шудани коронавирус дар мактабҳои Италия якчанд қоидаҳо ҷорӣ гардидааст. Мизҳои якнафарӣ ва “дезинфексия”-и доимии синфҳо аз ин ҷумлаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ