Дар Бӯстонлиқ писараки 11-сола қурбони коронавирус шуд


Рӯзи гузашта дар Ӯзекистон 6 нафар бемори COVID-19 вафот карданд. Се нафар аз онҳо аз вилояти Тошканд ва се нафари дигар аз вилояти Тошканд буданд. Дар миёни беморони фавтидагон як писараки 11-сола низ ҳаст, ки ӯ сокини ноҳияи Бӯстонлиқ буд. Ин нахустин марги ноболиғ бар асари COVID-19 дар Ӯзбекистон аст. Вазорати ҳифзи тандурустӣ дар бораи ин ҳолат ҳанӯз маълумоти муфассал надодааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 599 ҳолати нави сирояти коронавирус ва 618 ҳолати шифоёбӣ аз он сабт шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ