Масъалаҳои тайёрии Ӯзбекистон ба мавсими зимистон баррасӣ шуд


Рӯзи 18 сентябр таҳти раисии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон барои баррасии масъалаҳои омодашавӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон маҷлис баргузор шуд. Маҷлис ба сурати видеоселектор барпо гардид. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Имсол нисбат ба солҳои пеш сардтар шудани ҳаво дар зимистон пешгӯӣ шудааст. Ба ҳамин далел Шӯрои вазирон ӯҳдадор шуданд, ки оиди омодасозии ҳар як ноҳияи пойтахт, Қорақалпоқистон ва вилоятҳо қарорҳои алоҳида қабул кунанд.
Абдулла Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба корҳои омодасозии ноҳияҳои шаҳри Тошканд ва Очилбой Раматов, муовини аввали ӯ ба ин ҷараён дар вилоятҳо роҳбарӣ мекунанд. Корҳои омодасозӣ пеш аз ҳама дар 56 ноҳияе, ки вазъияташон бадтар аст, оғоз хоҳад шуд.
Ба масъулон вазифаи таъмиру омода кардани беш аз 6 ҳазор бинои бисёрошёну биноҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон то 1 ноябр супурда шуд.
Ҳолатҳои омодасозии муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ низ баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки имсол бар мавсими сармо 6 миллион тонна ангишт зарур аст. Барои захираи ин миқдори ангишт ва таъмини аҳолӣ бо он чораву тадбирҳо муайян шуд.
Ширкати «Ҳудудгазтаъминот» дар мавсими сармо минтақаҳоеро, ки ба газ дастрасӣ надоранд, бо 385 ҳазор тонна гази табиӣ таъмин хоҳад кард.
Имсол эҳтиёҷи аҳолӣ ба нерӯи барқ нисбат ба соли гузашта 7,5 дарсад зиёдтар хоҳад шуд. Барои фаъолияти барқарори соҳаи барқрасонӣ низ вазифаҳои зарурӣ ба масъулон дода шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ