Ҷонсон: Нишонаҳои авҷи дувуми коронавирус дар Британия дида мешавад


Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир дар барномаи шабакаи телевизионии Sky News гуфт, ки дар подшоҳӣ аз авҷи дувуми коронавирус роҳи гурез нест ва ҳоло нишонаҳои он дида мешаванд.
Ба гуфтаи Ҷонсон, эҳтимоли ҷорӣ кардани карантини қатъӣ дар саросари кишвар барои пешгирии паҳншавии COVID-19 вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Британияи Кабир 4 322 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар Британия ин омори (статистика) болотарин аз 8 май то ба имрӯз аст. Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Британияи Кабир ба 384 090 нафар расидааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ