Дар Япония музейи фоҷеаи Фукусима ба кор оғоз кард


Дар шаҳри Футабаи вилояти Фукусимаи Япония музейи нав фаъолияти худро оғоз кард. Осори ин музей вобаста ба фоҷеаи атомии Фукусима мебошад, ки нӯҳ сол пеш рух дода буд. Шумори осори таърихӣ, ки як қисмашон дар шакли видеоӣ аст, беш аз 150 донаро ташкил медиҳад. Осори музей дар бораи садама дар нерӯгоҳи атомии Фукусима ва кӯчидани маҷбурии беш аз 160 ҳазор нафар ва пайомадҳои он ҳикоя мекунад.
Ин музей аз рӯи нақша бояд дар чорчӯби Олимпиадаи тобистонии Токио ифтитоҳ мешуд. Вале, пандемия ин корро ба дертар гузошт.
Ёдовар мешавем, дар моҳи марти соли 2011 дар натиҷаи зилзилаи шадидтарин дар таърихи Япония ва сунами, ки пайомади зилзила буд, нерӯгоҳи атомии Фукусима-1 дучори садама шуд. Системаи сардкунандаи энергоблокҳои нерӯгоҳ аз кор бозмонданд, дар сето аз энергоблокҳо таркиши водородӣ рух дод. Моддаҳои радиоактивӣ ба ҳаво рафтанд. Ба гуфтаи мутахассисони Япония, барои комилан аз байн бурдани пайомадҳои садама даҳҳо сол зарур аст.
Беш аз 160 ҳазор нафар сокинони гирду атрофи нерӯгоҳи атомӣ баъди садама ба дигар ҷойҳо кӯчонда шуданд. Тақрибан 40 ҳазор нафари онҳо то ҳол наметавонанд, ки ба хонаи худ баргарданд. Як нафар аз бемории радиатсионӣ, ки бевосита натиҷаи садама буд, вафот кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ