Дар Ироқ яке аз роҳбарони “Давлати исломӣ” боздошт шуд


Хадамоти махсуси ҳукумати Ироқ дар Бағдод яке аз пешвоёни “Давлати исломии Ироқу Шом”-ро боздошт карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Al-Sumaria” хабар додааст.
Дар хабари “Al-Sumaria” гуфта мешавад, ки хадамоти махсус тавонистааст роҳбари террористонро бо ҳила ба асирӣ гирад ва бо ин роҳ аз чанд ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кунад.
Ин роҳбари “Давлати исломӣ” мехост ба иштироккунандагони маросими “Арбаин” (маросими ёдоварии Имом Ҳусейн) ҳамлаи террористиро ташкил кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ