ШАҲРВАНДИИ ӮЗБЕКИСТОН БА РЕЖИМИ ОНЛАЙН ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Қарори Девони Вазирон таҳти рақами 557 аз 16.09.2020 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба татбиқи технологияҳои имрӯзаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон».
Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, Вазорати адлия ва Инспексияи давлатии андоз бо роҳи навсозии системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии «Паспорт-Виза» пойгоҳи иттилоотии байниидоравӣ дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо номи «E-Fuqaro» ҷорӣ карданд. Он барои таъмини ҳамкории байни сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ворид, сабт ва назорат кардани ҳуҷҷатҳо ва иттилоот пешбинӣ шудааст.
Дархостҳо барои шаҳрвандӣ ва баромадан аз он дар вақти воқеӣ тавассути «E-Fuqaro» қабул карда мешаванд.
Назорати системаҳои иттилоотие, ки барои навсозӣ, қабул ва интиқоли иттилоот ба Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати мудофиа, Маркази давлатии фардисозии назди Девони Вазирон, Хадамоти амнияти давлатӣ, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифода мешаванд супурда мешавад.
То 1-уми январи соли 2021 механизми пешниҳоди шикоятҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ дар қаламрави Портали ягонаи хизматҳои давлатии интерактивӣ ҷорӣ карда мешавад. Афроде, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, метавонанд тавассути хидмати интерактивии консулӣ, ки дар сайти Вазорати корҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст, бо шарти ташрифи минбаъдаи шахсӣ муроҷиат карданашон мункин мебошад.
Ҳуҷҷат дар Базаи миллии қонунгузорӣ нашр шуд ва аз 17.09.2020 эътибор пайдо кард.
Мирёқуб Ҳайдаров.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ