Дар сарҳади ӯзбек-туркман тирпарронӣ ба амал омад

Шаби 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар қисми сарҳадии Этрапи Фараби Туркманистон ва ноҳияи Олоти Ӯзбекистон, дар канали Абу -Бухоро тарпарронӣ содир гардид. Дар ин бора «Хроника Туркманистана» хабар дод. Қайд гардидааст, ки Вазорати бехавфии миллӣ, прокуратура, хизмати политсия ва сарҳад дар ҳудуди тирпарронӣ содиргашта рейди муштарак гузаронидаанд. Дар канали Абу-Бухоро ҳарбиён дар заврақи резинӣ боргузаронии шахси номаълумро дарк кардаанд. Низомиён ба ҳаво тири огоҳикунанда парронданд. Одами номаълум ба тарафи Туркманистон тир холӣ кардааст. Як нафар, ки бо заврақ шино мекард, худро ба об партофта сӯйи соҳили Ӯзбекистон ҳаракат кардааст. Аз ҳар ду ҷониб якчандто тир холӣ кардаанд. Дар натиҷаи ҳодиса, ба ҳеҷ кас зарар нарасидааст. Дар ҷониби Туркманистон ду нафар шаҳрванди Туркманистонро ҳабс кардаанд. Онҳо бо роҳи ноқонунӣ аз сарҳад 50 қуттӣ сигорро гузаронданӣ шуданд. Ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ