Ҷозеф Байден: 200 миллион нафар амрикоӣ қурбони COVID-19 мешаванд


Ҷозеф Байден, номзад ба раисҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар суханронии худ иштибоҳан гуфт, ки 200 миллион нафар шаҳрванди ИМА қурбони коронавирус мегарданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Fox News хабар дод.
Ӯ гуфт, “Бино ба пешбиниҳо, 200 миллион нафар эҳтимолан то поёни ин нутқи ман (аз COVID-19) мемиранд”.
Байден зоҳиран қурбонии 200 ҳазор нафар амрикоиро дар назар дошт. Чун аҳолии ИМА 328 миллион нафар аст ва агар пешгӯии Байден дуруст буд, тақрибан аз се ду қисми аҳолии ИМА қурбони вирус мешуданд.
Ёдовар мешавем, ки шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ИМА беш аз 6,8 миллион нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ