89 нафар корманди мактабҳои Фарғона мубталои коронавирус шудаанд


Котиби матбуотии маркази осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Фарғона ба хабарнигори kun.uz гуфт, ки 89 нафар корманди мактабҳои вилоят мубталои коронавирус шудаанд.
Бино ба ин хабар то 17 сентябр 51 620 нафар корманди 947 мактаби Фарғона барои ташхиси коронавирус тест супурдаанд, ки 44 475 нафари онҳо омӯзгор ва боқӣ кормандони техникӣ мебошанд. Натиҷаи тести 89 нафар аз онҳо мусбат буд. Ҳамаи мубталоён ҳоло муолиҷа мешаванд.
Вале, омори (статистика) вазорати ҳифзи тандурустӣ дар ин бора дигар аст. Бино ба маълумоти вазорат, шумори мубталоёни коронавирус дар Фарғона 379 нафар буда, 366 нафари онҳо шифо ёфтаанд, 12 нафар мебошад ва як нафар бемор даргузаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ