Ҳаҷми экспорти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфт


Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон ба арзиши 317 миллион доллар муомилаи тиҷориро анҷом дод. Саҳми экспорти маҳсулоти Ӯзбекистон дар ин муомила 255,1 миллион доллар ва ҳаҷми импорти маҳсулоти Тоҷикистон 61,9 миллион доллар аст.
Бино ба маълумоти кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон, ҳаҷми экспорти маҳсулот ба Тоҷикистон дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта 65,1 миллион доллар афзоиш ёфт.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, воситаҳои кимиёӣ, маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти нафтӣ ва ғайра экспорт мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ