Япония аз 1 октябр сарҳадҳои худро барои хориҷиён боз хоҳад кард


Дар ҳоли ҳозир дар Япония масъалаи боз кардани сарҳадҳо барои сайёҳон ва хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 3 моҳ ба ин кишвар мераванд, барррасӣ мешавад. Дар ин бора оҷонсии Киодо хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир вуруди шаҳрванди 159 кишвари ҷаҳон ба Япония манъ шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи Asahi, мақомоти Япония аз ҷумла, масъалаҳои ворид шудани муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷиро низ ҳал мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар моҳи ноябр шаҳрҳои Токио, Осаку, Фукуоку, Нагоя ва Саппоро рӯзе то 20 ҳазор нафар хориҷиро қабул хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ