Дар соҳилҳои Тасмания 380 делфин якбора нобуд шуданд.


Дар соҳилҳои ҷазираи Тасманияи қитъаи Австралия 380 делфини сиёҳ нобуд шуданд. Дар ҳоли ҳозир наҷотдиҳандагон кӯшиш мекунанд 30 сар делфинро, ки рӯи регҳои соҳил дармондаанд, ба об баргардонанд. То ҳол 50 сар делфин дубора ба об баргаштааст.
Чанд рӯз пеш дар бораи нобуд шудани 270 делфин хабарҳо паҳн шуда буд, вале кормандони ҳифзи табиат ҳангоми парвоз дар фазои ҷазира боз беш аз 100 ҷасади делфини сиёҳро пайдо карданд.
Гурӯҳи 60-нафарии наҷотдиҳандагон аз рӯзи сешанбе ба ёрии делфинҳо шитофтанд. Онҳо бо занбарҳои махсус делфинҳоро ба об бармегардонанд.
Мардуми минтақа зуд-зуд дар соҳилҳо ҷасади делфинҳоро пайдо мекунанд. Вале, ягон бор чунин ҳодисаи қурбонии дастаҷамъии делфинҳо мушоҳида нашудааст.
Ванесса Пиретта, уқёнусшинос мегӯяд, “Агар шумо дар ин ҷо будед, мешунидед, ки делфинҳо чи гуно бо ҳамдигар бо садои хоси худ мулоқот мекарданд. Вале, ин садоҳои изтиробнок буданд, шумо ҳаргиз шунидани он садоҳоро намехостед”.
Наҷотдиҳандагон эътироф мекунанд, ки ҳангоми наҷот додан делфинҳоеро интихоб мекунанд, ки имкони бештари зинда монданро дорад. Аммо ин кор низ осон нест. Баъзе делфинҳо захмҳои дарунӣ доранд, ки бо чашм дидани ин захмҳо ғайриимкон аст.
То ҳанӯз маълум нест, ки чаро делфинҳо худро ба соҳили камоб меоваранд ва худкушӣ мекунанд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, ки эҳтимолан сарвари гурӯҳи делфинҳо иштибоҳан онҳоро ба соҳил камоб роҳнамоӣ мекунанд ва делфинҳо дигар наметавонанд дубора аз соҳилҳо баргарданд ва ҷони худро наҷот диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ