Назарпурсӣ. Тарафдорони Байден нисбат ба тарафдорони Трамп бештаранд


Ҷозеф Байден, номзад аз Ҳизби демократҳои ИМА дар интихоботи раисҷумҳурии ин кишвар нисбат ба Доналд Трамп 10 дарсад бештар тарафдор дорад. Назарпурсии муштараки донишгоҳҳои Маркетта ва Квиннипэкс чунин натиҷаро нишон медиҳад.
Назарпурсӣ нишон дод, ки 41 дарсади амрикоиҳо аз фаъолияти раисҷумҳури феълӣ – Доналд Трамп дилпуранд. Аммо 58 дарсади амрикоиҳо аз Трамп ноумед шудаанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, 94 дарсади овоздиҳандагон имрӯз медонанд, ки барои кӣ овоз медиҳанд. 5 дарсади овоздиҳандагон ҳанӯз дар миёни ду номзод дудила ҳастанд.
Донишгоҳи Маркетта назарпурсии худро рӯзҳои 8-15 сентябр баргузор кард. Дар ин назарпурсӣ 1357 овоздиҳанда иштирок карданд. Назарпурсиии донишгоҳи Квиннипэкс рӯзҳои 17-21 сентябр дар миёни 1302 нафар баргузор шуд.
Дар оғози моҳи сентябр ширкати Ipsos низ чунин назарпурсиро баргузор карда буд. Ин назарпурсӣ низ 12 дарсад бештар будани тарафдорони Байденро нишон дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ