Дар 8 моҳи сол ҳаҷми импорт ва экспорти Самарқанд кам шуд


Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми воридот ва содироти вилояти Самарқанд коҳиш ёфт. Ҳаҷми умумии муомилаи тиҷоратии вилоят 900,7 миллион доллар буд, ки ин дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 235,2 миллион доллар, ё 20,7 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ин бора идораи омори (статистика) вилоят хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми экспорт нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 17,8 дарсад, ҳаҷми импорт 21,5 дарсад кам шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ