Hyundai лоиҳаи автомобилҳои парандаро тақдим кард

Дар Лас Вегас лойиҳаи CES-2020 баргузор гардид. Компанияи Hyundai дар он аз эҷоди Personal Air Vehicle (Нақлиёти шахсии ҳавоӣ) хабар дод. Чунин мошинҳо, ки аз ҷониби Hyundai ихтироъ мешавад, шаҳрҳоро аз тирбандӣ наҷот медиҳад ва ба одамон имкон медиҳад, ки ба манзилашон зудтар расанд. Зеро, он гоҳ ниёзе ба истифодаи ҳавопаймоҳо ва васоили заминӣ намемонад.

Ин навъи нақлиётро аз соли 2028 ба роҳ мондан ба назар гирифта шудааст. Аммо, барои ин маҳсулотро хуб аз назорат гузаронида бо сертификат таъмин кардан даркор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ