Амири Кувайт даргузашт


Сабоҳ ал Аҳмад ас Сабоҳ – амири 91-солаи Кувайт даргузашт. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал Арабия хабар дод.
Амири Кувайт дар ИМА вафот кард. Ӯ моҳи июл барои муолиҷа ба ИМА сафар карда ва дар ин кишвар ҷарроҳӣ шуд. Амир вақтҳои охир ҷараёни тавонбахширо (реабилитатсия) паси сар мекард.
Сабоҳ ал Аҳмад ас Сабоҳ соли 2006 амири Кувайт эълон шуда буд.
Навоф ал Аҳмад ал Ҷобир ас Сабоҳ, бародари амир дар муддати бемории ӯ вазифаҳои амириро иҷро мекард. Ҳоло эҳтимоли амири нави Кувайт шудани Навоф ас Сабоҳ бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ