Сирри кушодаи педагоги моҳир, роҳбари ғамхор ва боғбони гулдаст

Аъзамҷони ҷавон машаққати интихоби касбро аз сар нагузаронд. Вай бо орзуи аз паси бобо, падар ва амакҳояш рафта, омӯзгор шудан зиндагӣ кард. Ин орзу ӯро ба факултети филологияи ӯзбек ва тоҷики ДДС овард. Аъзамҷон таҳсилро бо баҳоҳои аъло ба охир расонда, ба мактаби рақами 10-и ноҳияи Самарқанд (ҳоло 62-и шаҳри Самарқанд), ки дар маҳаллаи Боғибаланд воқеъ аст, ба кор омад.

Аъзамҷон Аъламов аввал дар вазифаи сарвари пешоҳангони мактаб кор карда, нишон дода тавонист, ки қобилияти хуби ташкилотчигӣ дорад. Бесабаб хонандагони мактаб, ки ғолиби озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриятӣ шуда буданд, як ё ки ду маротиба не, балки чор бор ба истироҳатгоҳи пионерии «Артек», ки дар ҳамон солҳо дар давлати шӯроҳо беҳтарин ба ҳисоб мерафт, фиристода нашудаанд.

А. Аъламов пас аз чор сол ҳамчун ҷонишини директор доир ба корҳои таълим ва аз соли 1993 то ба синни нафақа дар вазифаи директори мактаб кор кард. Дар давоми ин солҳо мактаб на танҳо дар корҳои таълиму тарбия, балки ободонӣ низ дар шаҳр ва вилоят яке аз пешсафҳо буд. Ба ин ғолиби олимпиадаҳои фаннӣ шудани хонандагони мактаб, дар солҳои 2012 ва 2013 паси ҳам «Мактаби аз ҳама ободтарин», дар соли 2014 «Ҷамоаи аз ҳама эҷодкор ва ташаббускор» дониста шудани он ва дар соли 2015 эълон гардидани беҳтарин стадиони мактаби шаҳр мисол шуда метавонад.

Ба корҳои ободонии мактаб худи директор роҳбарӣ карда, сабабгори асосии ба боғу гулзор табдил додани ҳудуди таълимгоҳ шуд. Бемалол гуфтан мумкин аст, ки дар Боғимайдон таваллуд шуда, ба воя расидани вай ва кори деҳқонони ботаҷрибаро пайваста мушоҳида кардани ӯ омили асосии боғбони соҳибтаҷриба, ҳатто гуфтан мумкин агрономи халқӣ шуданаш гардидааст.

А. Аъзамов ба нафақа баромада бошад ҳам, робитаро бо мактаб кам накард, баръакс дар корҳои ҷамоатии маҳалла фаъолтар иштирок карда, барои маркази онро ба гулзор табдил додан саҳми арзанда гузошт. Соли гузашта вайро ба вазифаи психологи мактаби рақами 70-и шаҳри Самарқанд, ки дар маҳаллаи Тошлоқ воқеъ аст (қаблан мактаби рақами 91-и ноҳияи Самарқанд буд), даъват карданд. Ин таклифро қабул кардани инсони баобрӯе, ки таҷрибаи калони педагогӣ ва ҳаётӣ дораду синнаш ба 70 наздик шудааст, дастоварди мактаб шуд. Вай аз падару модарон маслиҳати худро дареғ надошта, ба онҳо дар ёфтани роҳи дурусти тарбияи фарзандон ёрӣ медиҳад.

Баробари ҳамин А. Аъламов роҳбари корҳои ободу сабзазор кардани ҳудуди мактаб ва иштирокчии бевоситаи он аст. Ба гуфти вай баъди қад рост кардани бинои нави мактаб ҳудуди он аз пастиву баландиҳо иборат буд. Барои ҳамвор кардани он беш аз 50 «КамАЗ» хок оварда рехтанд. Сипас, дар майдончаҳои ҳамвор ниҳол ва гулҳои гуногун шинонданд. Ин корҳоро мушоҳида карда, гуфтан мумкин, ки дар як сол бисёр кор амалӣ гардидааст. Ҳоло Аъзам Аъламов чун педагоги бомаҳорат, роҳбари соҳибтаҷриба ва боғбони аҷоиб фаъолияти худро идома медиҳад.

Вай беш аз 40 сол боз бо таълиму тарбияи ҷавонон машғул буда, аз он 13 сол чун ҷонишини директор оид ба корҳои таълим ва 23 сол директори мактаб шуда фаъолият бурд.

Одатан баъди дар бораи шахсе хондани чунин маълумот саволи табии сирри дастовардҳои ӯ дар чӣ бошад ба миён меояд.

Риёзидони бузург Ал-Хоразмӣ чунин суханони ҳикматноке гуфтааст: «Доимо дар ҳаракат бошед. Чунки агар одам истад, мехоҳад шинад, дар одами нишаста хоҳиши дарозкашӣ мешаваду дарозкашида мехоҳад, ки хоб равад».

Ба фикри мо сабаби муваффақияти роҳбарии А. Аъламов дар он аст, ки вай меҳри ҳамкоронро ба ободиву сабзазоркунии ҳудуди мактаб бедор карда тавонистааст. Ҳатто посбонҳои мактаб низ як ё ду соати вақти худро ба ин кор сарф мекунанд ва ба маҳсули меҳнати худ бефарқ нестанд. Чуноне ки мегӯянд, об чакра-чакра дарё шавад, меҳнати андак-андак пайваста сабаби ободу зебо шудани ҳудуди мактаб, маҳалла ва дигар ҷойҳои ҷамоатӣ мешаванд. Ин сирри пӯшида нест, ба иҷрои он танҳо майлу ғайрат бошад, кифоя аст. Кош дар дигар мактабҳо низ аз ин сир истифода мебурданд.

Тошпӯлод РАҲМАТУЛЛОЕВ,
Тошқул АЗИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ