Рақами Элдор Шомуродов дар “Женоа”-и Италия маълум шуд


Элдор Шомуродов, ҳуҷумгари ҷамоаи миллии Ӯзбекистон дар таркиби “Женоа”-и Италия рақами 9-ро интихоб кард. Дар ин бора “Sport Express” хабар дод.
Ҷамоаи вилояти Генуяи Италия бо футболбози собиқи “Ростов”-и Русия шартномаи 4-сола имзо хоҳад кард. “Женоа” баъди имзои шартнома ӯро ба сурати расмӣ муаррифӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки “Ростов” Шомуродовро бар ивази 9 миллион евро ба “Женоа” раҳо кард. Футболбози ӯзбекистонӣ дар ҷамоаи нави худ соле 600-700 ҳазор евро музд хоҳад гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ