Меркел ва Тихановская рӯзи 6 октябр вазъияти Белорусро баррасӣ мекунанд


Ангела Меркел, канслери Олмон бо Светланая Тихановская, номзади собиқ ба мақоми раисҷумҳурии Белорус мулоқот мекунад. Рӯзи дидор октябр аст. Дар ин бора Улрике Деммер, намояндаи ҳукумати Олмон хабар дод.
Ба гуфтаи Деммер, вазъияти Белорус баъди интихоботи раисҷумҳурӣ мавзӯъи асосии мулоқоти Меркел ва Тихановская хоҳад буд.
Ӯ афзуд, ки баъди мулоқоти бонувони сиёсатмадор нишасти матбуотӣ баргузор намегардад.
Тихановская баъди мулоқот бо Меркел рӯзи 7 октябр бо Хайко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон дидор хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ