Макрон: Дар Кӯҳистони Қаробоғ 300 нафар ҷангҷӯ аз Сурия ҳузур доранд


Туркия ба Кӯҳистони Қаробоғ 300 нафар ҷангҷӯро аз Сурия барои ёрӣ ба Озарбойҷон фиристодааст. Дар ин бора Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар нишасти матбуотӣ баъди рӯзи аввали саммити Иттиҳоди Аврупо маълум кард.
Ӯ гуфт, “Ин маълумот исбот шудааст. Шахсияти он нафарон муайян гардидааст. Ҳамаи онҳо ба созмони террористии “Давлатии исломии Ироқу Шом” робита доранд. Путин гуфт, ки Русия низ ин маълумотро тасдиқ мекунад”.
Ҳамчунин, Макрон таъкид кард, ки чунин рафтори Туркия ҳамчун узви НАТО нодуруст аст ва Анқара аз “хатти сурх” убур кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ