Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп паём фиристод


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Доналд Трамп, пешвои ИМА паём фиристод. Дар ин паём Мирзиёев ба Трамп, ки мубталои коронавирус шудааст, орзуи саломатӣ кард.
“Ба Ҷаноби олии Доналд Трамп
Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико
Хабари мубталои шудани Шумо ва хонум Мелания Трамп ба коронавирус маро нигарон кард. Бовар дорам, ки шумо дар муддати кӯтоҳ бар вирус ғолиб мегардед, шифо меёбад ва фаъолияти масъулиятноки давлатдориро идома медиҳед.
Муҳтарам Ҷаноби олии Раисҷумҳур, дар ин лаҳзаҳое, ки имтиҳон аст, барои Шумо ва хонум Мелания Трамп, ҳамчунин ба аҳли хонаводаи шумо сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ орзу мекунам.

Бо эҳтироми самимӣ,

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ