Ёди устоди азизу нуктадон Ф.ШУКУРОВ


Дар арафаи Рӯзи устодон ва мураббиён як гурӯҳ имом хатибони шаҳри Самарқанд қабри устод ва мураббии шодравон ҳоҷӣ Мустафоқул Меликзодаро, ки ҳамчун олими
исломшинос маъруф гардидаанд, зиёрат намуданд. Сипас, ба хонадони марҳум ташриф фармуда, ба аҳли оилаашон ҳамдардии самимӣ изҳор карданд. Хислатҳои неки устодро
ёдовар шуда, аз оятҳои Қуръон тиловат намуданд ва савобашро
ба рӯҳи устод бахшиданд.
– Мо ҳар сол дар арафаи Рӯзи устодон ва мураббиён устод Меликзодаро зиёрат намуда, аз ҳолашон хабар мегирифтем.
Имсол бошад, устод дар байни мо нестанд ва дар ёдбудашон бо дуои хайр ёд намудем. Устод бисёр як шахси хоксору самимӣ, олими нуктадони дини мубини ислом буданд ва мо шогирдонашон, ки дар мадрасаи «Хоҷа Аҳрори Валӣ»-и ноҳияи Самарқанд аз таълиму тарбияашон баҳравар гардидаем, доими тибқи насиҳату нишондоди устод амал карданро пешаи худ
медонем, – гуфт ҳоҷӣ Ҷаҳонгир Ҳатамов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи Хоҷа Абдулмӯъмини маскани Сартеппаи шаҳри Самарқан

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ