Арманистон: Ҳамлаи Озарбойҷонро дар Қаробоғ қатъ кардем


Шушан Степанян, котиби матбуотии вазорати мудофиаи Арманистон дар сафҳаи худ дар Facebook навишт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон имрӯз ҳамлаи Озарбойҷонро дар шимол ва ҷануби Кӯҳистони Қаробоғ қатъ карданд. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Ба гуфтаи Степанян, артиши Арманистон ҳамлаи озариҳоро бозистонданд ва дар як ҷабҳа ҳамлаи ҷавобиро анҷом доданд.
Ӯ гуфт, “Дар дигар самтҳо ҷангҳои сахти мудофиваӣ идома дорад”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 сентябр ҷанги Арманистону Озарбойҷон дар Кӯҳистони Қаробоғ оғоз шуд. Озарбойҷон аз ҳама сӯ ба Қаробоғ ҳамла кард. Солҳои пеш низ низоҳои ду кишвар дар ин минтақа рух медод, вале онҳо дар як рӯз поён меёфт. Аммо, имсол ҷанг ҳанӯз идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ