МОДАР МЕХОСТ ҶИГАРБАНДАШРО БИФУРӮШАД



Зан фиребгарӣ кард. Зан ба қотилӣ даст зад. Зан вақте хиёнат мекард, ба даст афтод. Зан ҷигарбанди худро мехост бифурӯшад…
Зан — модар. Вай меҳрбон аст, вақте борон меборад, чатри болои сари мост, дар сармои сахт зан тафти гармо бошад, фидокоре беназир аст ӯ. Пас чаро дар ҳаққи вай ин бор суханоне мегӯем, ки дар рӯйи бел намеистанд. Ба номи ӯ лаккаи сиёҳ мезанем… Аз он ки ҳаракатҳои ношоиста содир намудааст, имкони дар ҳаққи ӯ суханони нек гуфтан намондааст.
С. Ҳусанова (ному насабаш тағйир дода шуд), ки дар вилояти Қашқадарё ба воя расидааст, бо орзуҳои ширин ба шавҳар баромада буд. Вале рӯзгори ширини заношӯӣ дер напоид, ба сабаби низоъҳо шавҳараш ӯро аз хона ронд. Вақте дари хонаи падар низ ба рӯйи вай баста шуд, ба мақсади парвариши кӯдак, ба кӯчаи мардикорӣ даромад. Дар яке аз рӯзҳои саргардонӣ ӯ бо сокини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё Т. Э. ошноӣ пайдо карду ба пешниҳоди мард, ки мегуфт издивоҷ кунем, розӣ шуд. Ба ӯ бовар карда, ба ноҳияи Деҳнав рафт. Таассуф, бинои навбатии оиладорӣ низ аз ҳам фурӯ рехт. Вай бо писари дусолааш — Ихтиёр боз дар кӯча монд. Ҳангоми анҷом додани кори касон такрор пешниҳод намуданд, ки ба шавҳар барояд. Аммо ин пешниҳодҳои навбатӣ ғаразнок буданд.
Дар байнамон ҳаннотону фиребгарон, разилон ва аз вазъият сӯиистифодабарандагон ёфт мешаванд. С. Ҳусанова дар ҳаёт бо одамони хуб низ рӯ ба рӯ шуд, аз кӯмаки моддиашон баҳраманд гардид. Аммо бештари вақт як паллаи тарозу боло меомад. Зане, ки бехобӣ, гуруснагӣ ва оҷизӣ ӯро ранҷ медод, дарк мекард, ки саломатиаш рӯз аз рӯз табоҳ мегардад. Дарун-дарун ғам мехӯрд, ки аз ӯҳдаи модарӣ кардан ба фарзанд намебарояд.
Ба тақдири модаре, ки бо фарзандаш дар кӯча мондааст, кӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд? Раис ва мушовири ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Тағойтемир»-и ноҳияи Деҳқонобод, ки С. Ҳусанова он ҷо дар қайди доимӣ аст, боре напурсид, ки зан дар куҷост. Доир ба додани истиқоматгоҳҳое, ки давлатамон ба модарони яккаву танҳо пешбинӣ намудааст, чораандешӣ накард.
С. Ҳусановаи бесарпаноҳмонда ҷинояти басе вазнин — фурӯхтани фарзанди ба воя нарасидаашро содир намуд. Хӯш, ба чӣ сабаб ин ҷинояти басе гарон содир карда шуд?
С. Ҳусанова ба сабаби он ки ҷойи зист ва шуғли доимӣ надошт, барои фурӯхтани фарзандаш ба шиносаш А. Ш. муроҷиат менамояд. Вай бошад, дар ин хусус ба масъулони ШКД хабар медиҳад. Бино ба аризаи ӯ чораи фаврӣ андешида шуд. Зан дар маркази тиҷоратии «INDENIM», воқеъ дар маҳаллаи Баҳористони ноҳияи Деҳнав, бино ба ваъда, писарашро ба ивази ҳашт миллион сӯм мехост бифурӯшад. Вале вай ҳангоми аз «мизоҷ» гирифтани 5 миллион сӯм аз ҷониби ходимони ИМАТЭ (Идораи мубориза алайҳи терроризму экстремизм)-и РКД вилоят дастгир карда шуд.
Кори ҷиноии С. Ҳусанова таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Олтинсой И. Абраев ҳаллу фасл гардид.
Бино ба моддаи 298-уми Кодекси ҷиноӣ-протсессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷараёни дида баромадани сабабҳои ҷиноят, баъди дақиқ муайян гардидани шарту шароите, ки ба содир кардани он замина фароҳам овардааст, суд ҳукм баровард. Дар он талаб карда шудааст, ки мақомоти худидораи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ бояд аз ҷамоаҳо ва шахсони мансабдор талаб намоянд, ки баҳри бартараф кардани чунин ҳолатҳо чораҳо андешанд. Аз ин рӯ, суд ба мақсади пешгирии ин гуна қонуншиканиҳо қарори хусусӣ бароварда, лозим донист, ки барои муҳокима ва муайян намудани чорабиниҳои дахлдор ба идораи Вазорати дастгирии маҳалла ва оила дар вилояти Қашқадарё интиқол диҳад.
Аз рӯйи кори ҷиноии мазкур ба сабаби он ки бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд, зане ҷинояти басе вазнин содир намудааст, нисбати ходимони масъули бахши дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияи Деҳқонобод қарори хусусии суд бароварда шуд. Ҳамчунин, нисбати ходимони масъули ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаҳои «Қизилҷар», «Дунётеппа», «Сӯфӣ Оллоёр» ва «Лолазор»-и ноҳияи Деҳнав, ки дар он ҷойҳо зан муддате умр ба сар бурдааст, қарори хусусӣ бароварда шуд.

Ҳайати суд бо назардошти вайрон шудани хулқу атвори зан то содир намудани ҷиноят ва ба сифати шахс торафт зиёд шудани дараҷаи хавфи иҷтимоии ӯ, натиҷа гирифт, ки ахлоқи судшавандаро дар ҳолати дар байни ҷамъият будани ӯ ислоҳ наметавон кард. Бино ба ҳукми суд, С. Ҳусанова бо банди «а»-и қисми 3-юми моддаи 135-уми КҶ Ҷумҳурии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста шуда, бино ба моддаи 57-уми КҶ ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Зани бемаълумоте, ки касбу коре надошт, худро сафед кардан натавонист. Тасаввур кунед, ки фарзанд бо вай монд, вале тарбияи ӯ чӣ мешавад? Сабабҳои зиёде касро ба кӯчаи ҷиноят медароранд. Хусусан, бефарқ будан нисбати ҳодисаҳое, ки дар гирду атрофи мо рӯй медиҳанд, сароғози иллатҳост.
Худатон натиҷа гиред.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
хабарнигори ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ