Ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон шиддат мегирад

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 4-уми октябр гуфт, нерӯҳои Арманистон ба Ганҷа, дуввумин шаҳри бузурги он кишвар зарбаҳои мушакӣ задаанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷанг байни ду кишвар ҳафтае пеш бархост ва шиддат мегирад. Арманистон гуфт, ҳеҷ гуна ҳамлаи мустақим ба Озарбойҷон накардааст, вале раҳбари вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи куҳӣ гуфт, ки неруҳои онҳо, як пойгоҳи низомӣ дар Ганҷаро нобуд кардаанд.
Вазорати дифои Озарбойҷон бо нашри як баёнияе дар вебсайташ гуфт, ки шаҳри Ганҷа, ки 330 000 аҳолӣ дорад бо чанд манотиқи дигари аҳолинишин ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва тӯпхона қарор гирифтаанд. Бахши озарии Радиои Озодӣ аз қавли вазорат навишт, ки Озарбойҷон барои қасос гирифтан “чораҳои муносиби ҷавобӣ” меандешад.
Зокир Ҳасанов, вазири дифои Озарбойҷон гуфт, ҳамлаҳо аз қаламрави Арманистон иғвои ошкоро аст, ки қаламрави ҷангҳоро васеътар мекунад ва Озарбойҷон чораҳои ҷавобӣ андешидааст. Ӯ нагуфт, чӣ чора андешидаанд, вале хабарнигорон аз таркишҳое гузориш доданд, ки шаҳри Степанакерт, маркази маъмулии Қаробоғи куҳиро такон додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ