Нобел-2020: Ҷоизадорони соҳаи тиб Се нафар олим барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб эълон шуданд

. Инҳо Харви Алтер, Майкл Хоутон ва Чарлз Райс мебошанд. Онҳо вируси гепатит С-ро кашф карданд. Дар ин бора сайти расмии кумитаи Нобел хабар дод.
Соли 2019 низ дар соҳаи тиб якбора се нафар олим – Уилям Кэлин, Грегг Семенс ва Питер Рэтклифф барандаи ҷоизаи Нобел шуда буданд. Онҳо таъсири кислород ва набудани он ба ҳуҷайраҳои организмро таҳқиқ карданд. Таҳқиқи онҳо нишон дод, ки норасоии кислород боиси нобуд шудани ҳуҷайраҳои саратон мегардад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 6 октябр дар соҳаи физика, рӯзи 7 октябр дар соҳаи кимиё ва рӯзи 8 октябр дар соҳаи адабиёт барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел муаррифӣ мегарданд.
Рӯзи 12 октябр маросими ҷоизасупорӣ баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ