Ҳодисаҳои Қирғизистон: Атамбоев озод, натиҷаҳои интихобот бекор шуд


Дар Қирғизистон эътирозгароне, ки аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ норизо ҳастанд, бо роҳбарони кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар озодшавии Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури собиқро баррасӣ карданд ва саранҷом Атамбоев озод шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Ҳамчунин, комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро бекор кард. Комиссия эътироф кард, ки дар ҷараёни интихобот ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст.
Ин қарор дар пайи намоишу эътирозҳои густурдаи мардуми Қирғизистон баъди интихобот гирифта шуд. Яке аз талабҳои эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳои интихобот буд.
Ёдовар мешавем, ки эътирозгарон биноҳои калидии давлатӣ, аз ҷумла, биноҳои пулисро зери тасарруфи худ дароварданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ