Ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона раиси нав интихоб шуд

Ҷамъомади интихоботии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона барпо шуд. Қабл аз баррасии масъалаҳои таҳти назар хотираи неки раиси пешини марказ Усмоналӣ Исмоилов ба ёд оварда шуд.
Усмоналӣ Исмоилов тӯли беш аз бист сол ба ҳайси раиси ин марказ фаъолият намуд ва дар рушди забону фарҳанг ва расму ойинҳои мардум саҳми худро гузошт. Мутаассифона, ӯ бар асари як бемории вазнин бо ин дунё падруд гуфт, барои ҳамин раис ва аъзои нави раёсати марказ бояд интихоб карда мешуд.
Дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Фарғона Мухторҷон Зокиров ва корманди бахши тоҷикии Ширкати садову симои вилояти Фарғона, шоир ва журналист Масъуд Мирзоев ба ҳайси номзадҳо барои ишғоли мақоми раиси марказ ба қайд гирифта шуданд. Онҳо ба иштирокчиёни ҷамъомад худро шинос карданд.
Вакилон Масъуд Мирзоевро бо қисмати бештари овозҳо раис интихоб карданд. Аъзои нави раёсати марказ иборат аз 15 нафар интихоб шуданд.
Омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Риштон Сайфиддин Иноятов ба сифати раиси ифтихории марказ пазируфта шуд.
– Ҳокимияти вилоят ҳамаи марказҳои миллӣ-фарҳангиро бо мошини “Дамас” таъмин намудааст ва аз ин маркази фарҳангии тоҷикон дар канор нест. Ҳамзамон барои марказҳо 50 миллион сӯмӣ маблағ низ ҷудо шудааст. Шумо метавонед 12 миллион сӯми иловагиро барои харидани либосҳои миллӣ ва маводи мавриди ниёзи худ сарф намоед, – гуфт мудири шӯъбаи кор бо созмонҳои динӣ ва иҷтимоии ҳокимияти вилоят Муйдинҷон Холматов.
Дар ҷамъомад кулоли маъруфи риштонӣ Шарофиддин Юсуфов ба сухан баромада, иброз кард, ки ҳанӯз замони шӯроҳо мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқро ба даст овардааст. Дар солҳои истиқлолият ба ҳайси ҳунарманди тоҷиктабори риштонӣ чандин нишонҳои давлатиро низ соҳиб гаштааст. Ҳоло узви вобастаи Академияи бадеии Ӯзбекистон ва Арбоби шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Ба гуфтаи Шарофиддин Юсуфов вақте ки соҳиби дипломи ЮНЕСКО гардид, ифтихор намуд, ки ҳунари кулолгариро ба арсаи байналмилалӣ баровардааст ва шогирдони зиёдро тарбия кардааст.
Талошам барои он аст, ки дар деҳаи Хуррамободи ноҳияи Риштон мактаби тоҷикӣ барҳам нахӯрад ва то солҳои наздик ба ин кор муваффақ шудам. Аммо ҳоло дар ин мактаб таълиму тадрис бештар ба забони давлатӣ аст. Мактаби деҳаи мо аз кадрҳои тоҷикӣ камбуд надорад, барои ҳамин раис ва аъзои нави раёсатро лозим меояд, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир кунанд ва нагузоранд, ки ин раванд идома пайдо кунад, – иброз намуд Сайфиддин Иноятов.
– Ба ҳайси раис интихоб шуданам дар ин ҷамъомад масъулияти маро ба ҳайси як соҳибзабон боз афзуд. Дарҷоқеъ, ҳифзи забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва рушду ривоҷи расму ойинҳои мо дар меҳвари фаъолияти раёсати нав қарор хоҳанд гирифт. Дар Ӯзбекистон барои рушду ривоҷи забону фарҳанги миллии мо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Худи мо бояд талош кунем, ки дар ин ҷода фидокор бошем. Фарзандонамон дар мактабҳои таълимоти умумӣ ба забони модарӣ таҳсил кунанд, соҳиби ҳуввияти миллӣ бошанд ва дар оянда дар баробари ҳифзи забон барои ривоҷи расму ойинҳои миллӣ низ саҳми худро гузоранд,– гуфт раиси нав Масъуд Мирзоев.
Аъзои раёсати нав аз утоқи кории ин марказ, воқеъ дар ошёнаи дувуми бинои театри русии драмаи вилоят низ боздид карданд. Маълум шуд, ки дар ин ҷо мизу курсиҳо, компутер, телевизор, ҷевонҳои пур аз китоб ва амсоли он дар ихтиёри марказ қарор доранд.

Ҷумъаи ҶАМОЛ,
котиби матбуоти Маркази миллӣ-фарҳангии
тоҷикони вилояти Фарғона.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ